
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади сазовор таҷлил намудани 28- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Орзуи Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳия корҳои ободонӣ гузарониданд.
Дар доираи ин иқдом шоҳроҳи Бохтар – Леваканд аз партовҳо ва алафҳои бегонаи худрӯй тоза карда шуданд, ки ба симои шоҳроҳи мошингард ҳусни дигар зам намуданд.