
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ ва соҳибкорону саховатмандон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 40 кӯмаки навбатӣ расонида шуд.
Ин навбат аз ҷониби хатмккардаи ҳамин муассисаи таълимӣ Fаффоров Абдурасул ба миқдори 10 ҷуфт мизу курсӣ ва 8 адад тахтаи синфӣ кӯмак расонида шуд.
Инчунин, дар саҳни муассиса бо ҷалби падару модарон атрофи дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯ овардан ба мактаб, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” анҷом додани корҳои хайру сахо барои ободонии мактабҳо, ба ҷойи баргузории маъракаҳои аъзодорӣ кӯмак намудан ба муассисаҳои таълимӣ андешаронӣ намуданд.