БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИШОВАРЗӢ ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ ТАРАҚҚИКАРДАИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ БА ҲИСОБ МЕРАВАД

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз мулоқоти навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии Хоҷагии деҳқонии “Раҳмонҷон”-и ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти  Кумитаи иҷроия дар бораи кишоварзӣ, ки  яке аз соҳаҳои муҳими истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошад, аҳолиро бо хӯрокворӣ ва саноати ҳунармандиро бо ашёи хом ва ҳайвоноти аҳолиро бо ғизо таъмин менамояд, суханронӣ намуд.

Инчунин, дар идома дар бораи дастовардҳои замони истиқлол суханронӣ намуда, Истиқлолият ҷавҳари ҳастии миллат, сулҳу субот, осоишта зиндагонӣ кардани мардум ва аз фазои озоду обод ба камол расидани насли наврасро тақозо менамояд.

Дар фарҷоми суҳбат аъзои ташкилотро  ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” даъват карда шуда,  як қатор корҳои ободонӣ ба сомон расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg