
ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Фидокор-4»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш баргузор гардид.
Сараввал роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирокдоронро бо фарорасии 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун, ки санаи 9-сентябри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода мешавад, аз самими дил табрику шодбош гуфт.
Дар интиҳои вохӯрӣ мавсуф дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, дастгирӣ намудани қишри ниёзманди ҷомеа ва ғайра ибрози назар карда, таъкид дошт, ки ҲХДТ-ҳизби созандаи кишвар буда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон таҳти роҳнамоӣ ва роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор гузошта, рушду нумуъ карда истодааст.
Сипас, дар фарҷом вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби соҳибкори маҳалли Нӯъмон Абдуҷабборов барои сохтмони муассисаи таълимии деҳаи худ ба миқдори 17 халта семент ва 500 кг оҳак кӯмак расонида шуд.