БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТАСТ!

АНДЕША. Истиқлолият ин  ифтихору сарбаландии ҳар фарди бо ору номус, ватандӯст ва номбардору шукӯҳафзои миллати кӯҳанбунёди тоҷик  мебошад. Имрӯз дар дунё  мамлакате нест, ки соҳибистиқлол буданро хоҳон набошад. Таърихи башарият собит намудааст, ки ҳар миллат ва ҳар халқро танҳо Истиқлолияти комил ва Ваҳдати пойдор ба кӯи мурод расонидааст. Миллате, ки ин ду неъматро надошта бошад, шукуфоӣ ва хушбахтӣ дар мулки ӯ ҳаргиз пойдор нест.

  Мо ҷавонон, пайравони Пешвои миллат, ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбон мебошем ва тамоми сайъу кушиши худро барои ободу зебо гаштани ватани ба ҷону диламон баробар дареғ намедорем, чунки ватани моро ба ҷуз худамон дигар кас обод намекунад.

    Мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали  соҳибистиқлолӣ ба мушкилот дучор гардиданд ва ҳама он мушкилот бо заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллат  бартараф гашт.  Имрӯзҳо 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тинҷу оромии кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса бо дастовардҳои нав ба нав ҷашн мегиранд.

     Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо саъю кӯшиш ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёди тоҷик бо шарофату баракати Истиқлолияти давлатӣ   соҳиби саҳифаи навини таърихи хеш гардида, сарнавиш ва тақдири худро дар китоби таърихи башарият бо ҳарфҳои заррин сабт гардонид.

    Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди босуботи иҷтимоӣ - иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин ва зиндагии халқи шарофатманди тоҷик дар фазои  сулҳу субот ободу осуда гардидааст.

       Бигзор ин ҷашни тақдирсозиву эҳёгарии миллат ба ҳамаи ҳамватанон саодату хушбахтӣ, саломатии мустаҳкаму бардавом ва рӯзгорӣ орому осударо боз ҳам эҳдо намояд.

Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

 

Сунатулло Шеров,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg