БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи иҷтимоӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ  масъулин иброз доштанд: “Ҳар сол чун анъана дар қаламрави кишвари соҳибистиқлоламон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 8-уми июл ҳамчун Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки ашхоси имконияташон маҳдуд, қатъи назар аз имконияти ҷисмонӣ, дар доираи тавони худ дар ҳаёти ҷамъиятӣ шуғл меварзанд, дар ташкилоту корхонаҳо пурсамар фаъолият намуда, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона саҳм мегузоранд, ва ба манфиати халқу Ватан софдилона хизмат менамоянд. Ҳамин тавр, ҷомеа пайваста аз маҳсули наҷиби дастони онҳо баҳраманд мегардад.”

Дар идомаи чорабинӣ тибқӣ ҷадвали тасдиқшуда ва ҳамзамон мувофиқи барқияи телефонии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ таҳти № 15 аз 19 августи соли 2019 «Бо мақсади дастгирию кӯмак аз оилаҳои ниёзманд дар арафаи соли нави хониш» аз тарафи Бердиева Матлуба узви ташкилоти ибтидоии хизбии «Ҳифзи иҷтоимоӣ» ба ду нафар хонанда аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактаби кӯмак карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg