Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ОСОИШИ УМР АСТ!

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.”  Дар арафаи соли хониши 2019 -  2020 роҳбарияти   Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  бо омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф оид ба  иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вохӯрии  судманд анҷом дод.

Дар суханронӣ   бо ишора аз вазъи ноороми сайёра, хатари терроризму экстремизм, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, истифодаи ғайримақсаднок аз технологияи муосир, пайравӣ ба урфу одат ва фарҳанги бегона, нашъмандию нашъаҷаллобӣ ва дигар одатҳои бади инсонӣ таъкид намуданд, ки ҳамаи инҳо бо сабаби аз таълиму тарбия дур мондани насли наврас, бесаводӣ, ноогоҳӣ аз таъриху фарҳанги миллати хеш, набудани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ сар мезанад. Ба доми мубалиғони ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ маҳз ҳамон ҷавононе  меафтанд, ки бесаводанд ё аз мактаб дур мондаанд  ва ё дар вақти таҳсил на падару модар ва на омӯзгорон ба донишомӯзии онҳо  аҳамияти зарурӣ  додаанд.

     Иброз шуд, ки ҳамин бемасъулиятии бархе аз падару модарон   боис  гашт, то Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шавад.  

     Таъкид шуд, ки агар таълиму тарбияи насли наврас аз тарафи падару модар ва омӯзгорон дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба роҳ монда шавад, мо аз ҳаёти  ҷавонон дар ҷаҳони пуртаззоди имрӯз  дар ташвишу изтироб нахоҳем буд.  Зеро ҷавононе, ки дониш доранд, соҳиби касби дилхоҳ ҳастанд, онҳо  Ватани худ, миллати худ, урфу одат ва фарҳанги аҷдодии худро дӯст медоранд ва ба онҳо эҳтиром мегузоранд ва ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато қадам намегузоранд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg