БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕСАВОДӢ ОМИЛИ ГАРАВИДАН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТИСТ.

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Дар ташкилоти ибтидоии “Литсейи касбӣ – техникӣ”-и ноҳия  хониши сиёсӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир карда шуд.

    Ҳозирин  нисбати  хатарҳои  терроризму экстремизм,  хурофотпарастӣ ва дигар амалҳои номатлуб, ки ҲХДТ ҳамеша чунин амалҳоро маҳкум месозад таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

    Азбаски дар муассиса аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”   касб меомӯзанд,   дар хониши сиёсӣ дар бораи сабаб ва оқибати гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба таври васеъ сухан рафта,  сабаби асосии гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро  бетаваҷҷуҳии падару модар дар тарбияи  фарзанд  ҳисобида  шуд.  Онҳое ба ин   гурӯҳҳои хунхор ҳамроҳ мешаванд, ки дониши кофӣ надоранд, давлату миллат, Ватан, падару модар ва дигар арзишҳои муқаддас  барои онҳо қадру қимате надорад.

Баъдан дар  доираи  Аксияи ҳизбии  “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии  ташкилоти ибтидоӣ  ба 1 нафар модари  танҳо Сайёраи Холиқ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg