БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ҶАВҲАРИ АСОСИИ ЗИНДАГИИ МИЛЛАТ АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон”-и Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон хониши сиёсӣ ва  қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  баргузор гардид.

   Зимни баромад гуфта шуд, ки мо бояд аз истиқлолияту  озодӣ  ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ  шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъую талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона созем.

   Инчунин, дар доираи аксияи ҳизбӣ аз ҷониби ташкилоти ибтидоии мазкур  дохили синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 ва новаҳои обрав барои  зимистонгузаронӣ аз нав  таъмир карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg