БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД СОЛИМИИ ҶОМЕА АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Ба хотири  тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар  ташкилоти ибтидоии “МНДСЭ”   вохӯрӣ    баргузор гардид.

  Нахуст  дар мулоқот масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур вобаста ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ,  аз ҷумла  тарғиби тарзи ҳаёти солим,  пешгирӣ  аз  воридоти молу маҳсулоти пастсифат ба дӯкону бозорҳо,  риояи  қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна  бемориҳои сироятӣ, ки  аз масъалаҳои умдаи рӯз мебошанд, сухан гуфтанд.

   Инчунин дар идомаи суханронӣ аз  сафари  кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Деваштиҷи вилояти Суғд, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ  Ҳодӣ Сулаймонпур, ки рӯзи 21 август дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардиду  дар он масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ гардиданд,  ёдоварӣ  ва ибрози назар карданд.  

    Дар фарҷом вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзои ташкилоти ибтидоӣ тасмим гирифтанд, атрофи бинои кории худро таъмир намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg