БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СОБИҚАДОРОНИ ҲИЗБ БО ҶАВОНОН ХОТИРМОН АНҶОМ ЁФТ!

ЛЕВАКАНТ.  Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамъиятии мададгори мудофиаи Левакант” бо як гурӯҳ ҷавонон вохӯрӣ доир гардид.

  Дар вохӯрӣ аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат вобаста ба сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада,  иброз доштанд, ки вазифаи муқаддаси ҳар ҷавонмарди бонангу ори кишвар хизмат дар сафи  Артиши миллӣ дониста шуда, ихтиёран ҳозир шудан барои адои ин вазифаи муқаддас намунаи ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон ба ҳисоб меравад.

   Инчунин, дар идома қайд гардид, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ҳавасманд гардонидани ҷавонони ихтиёрӣ ва соҳибкасб шудани онҳо курси кӯтоҳмуддати ронандагӣ кушода шудааст, ки баъди хатми он ҷавонон бо ҳуҷҷати ронандагӣ таъмин карда мешаванд.

Дар охир роҳбарияти  Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат нақши чунин вохӯриҳоро бо ҷавонон дар тарбияи маънавию ватандӯстии онҳо муҳим арзёбӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg