БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЛОШ БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.     

         Дар ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баргузор карда шуд.

        Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ зимни баромад зикр намуданд, ки  дар тӯли 28 - соли Истиқлолияти давлатӣ,  Тоҷикистон   ба дастовардҳои бузург дар соҳаҳои гуногуни  хоҷагии  халқ ноил гардидааст.   Яке аз дастовардҳои бузурге, ки Ватани маҳбубамон  дар даврони соҳибистиқлолӣ  ноил гардид ин баромадан аз бунбасти коммуникастионӣ мебошад, ки кишвари азизи моро бо мамлакатҳои ҳамсоя пайваст намуд.

     Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур дар  суханронӣ  иброз дошт, ки дар ҳақиқат кишвари азизи мо бо роҳбарии Пешвои миллат дар тӯли 28-соли   соҳибистиқлолӣ  ба дастовардҳои бузург ноил гардида, ҳамчун як кишвари транзтӣ эътироф шудааст.

     Баъдан дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар назар аст, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  қисмате аз роҳҳи байни деҳаҳои Тутқавул ва Кибил мумфарш карда шавад. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg