ҚУБОДИЁН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Бахшида ба Рӯзи Дониш чорабинии сиёсию фарҳангӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 баргузор гардид, номояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок дошта, омӯзгорону хонандагони ин боргоҳи илму ирфонро барои оғози соли нави хониш табрику муборакбод гуфта, барору комёбӣ ва дониши хубу аъло таманно намуданд.
Чунин чорабиниҳои бошукӯҳ дар дигар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Қубодиён доир карда шуда, аз ҷониби фаъолони ҲХДТ омӯзгорони ҷавон ва толибилмон ба фаъолияти назаррасу таҳсили хуб аъло ҳидоят гардиданд.