БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ НИШОНИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ, РАМЗИ АСОЛАТУ ҲУВВИЯТ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ!

АНДЕША. Воқеан Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, шарафу эътибор ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари  азизи мо мебошад ва инчунин рамзи олии ватану ватандорӣ аст.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар давоми 28- соли соҳибистиқлоли бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштанд ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намуданд; таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил дода, ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаанд. Дастоварди бузургтарини миллати тоҷик ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

Дар  арафаи ҷашни 28 солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба истифода додани агрегати дуюми НБО «Роғун» ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта хоҳад шуд.

Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Зиёда аз 100 кишвари дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлолияти давлатӣ ва афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид ва имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил мебошад, зеро дар айни замон дар ҷаҳон миллату халқиятҳое, амсоли курдҳо ҳастанд, ки аз рӯи шумора хеле зиёданд, вале соҳиби давлат нестанд ва ё институти муттаҳидкунандаи худро надоранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз истиқлолият ба даст овардан зарурати ба тарзи куллӣ аз нав сохтани тамоми пояҳои ҳуқуқие, ки дар асоси онҳо ҳаёти давлати соҳибихтиёр ташкил ёфта, шаҳрвандонаш умр ба сар мебаранд, ба миён омад. Қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде, ки ба идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сиёсати хориҷӣ, ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолию табиат ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ дахл доранд, қабул карда шуда, дар ҳаёт ҷорӣ гардида истодааст.

Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои ҳокимияти Шӯравӣ Конститутсия дошта бошад ҳам, дар баробари тағйир ёфтани сохтори давлатӣ акнун зарурияти аз нав қабул намудани Конститутсия ба миён омад. Аз ин лиҳоз, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Инчунин, 26-уми сентябри соли 1999, соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағийру иловаҳо ворид карда шуд, ки барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Пӯшида нест, ки пешрафти ҳама соҳаву бахшҳои ҷомеа ба заминаи қонунӣ ва асосҳои ташкилӣ – ҳуқуқӣ устувор мебошад. Аз ин нигоҳ барои ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон лозим омад, ки барои бунёди ҷомеаи навини шаҳрвандӣ ва давлати қудратманди демократӣ дар қадами аввал заминаҳои қонунӣ ва фазои мусоиди ҳуқуқиро ба вуҷуд оварад. Дар ин самт кишвари мо дар солҳои аввали истиқлолият ба чандин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ба мисли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ниҳодҳои сиёсиву ҳуқуқии мӯътабари байналхалқӣ аъзо гардид.

Истиқлолият ҳамчун неъмати муқаддас ва муҳити озоди соҳибихтиёрӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва қонуният низ ҳаёти ҷамъиятиро дигаргунӣ бахшид, ки ин ҳама дастоварду музаффариятҳо арзиши ҳуқуқии истиқлолро аён месозад. Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванде, ки ҳисси ватандустӣ дорад, дар қаламрави ватани худ ва ё берун аз он зиндагӣ мекунад, вазифадор аст, ки барои пойдории Истиқлолият, тамоми ҳастии худро дареғ надорад. Ҳамчуноне, ки дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода гардидааст, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Бинобар ин моро зарураст, ки сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯхта, аз сиёсати имрӯза огоҳ бошем, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зада аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намуда аз душманону бадхоҳони дохилию хориҷӣ ҳифзаш намоем.

 

Бекмамадов Асалмамад-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg