БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ СОЛИМИИ ҶОМЕА ҲАМАҶОНИБА ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ!

 Ш.ШОҲИН.  Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Дар ташкилоту муассиса ва деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ   суҳбату вохӯриҳо  доир шуда истоддааст, ки ин навбат  дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи Саричашма» вохӯрӣ доир карда шуд.

     Дар  назди ҷамъомадагон   масъулин  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла   пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ба мо бегона, хурофоту бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ,  риояи қонунҳои миллӣ, баргузории тӯю маъракаҳо дар доираи қонуни амалкунанда,  тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ,  ҳифзи солимии ҷомеа, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ғайраҳо  ибрози андеша намуда, аз ҳамагон  ҷиҳати хизмати софдилона кардан ба халқу Ватан  даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg