БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ТАРҒИБГАРИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

ШАҲРИТУЗ.  Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.”  Дар ташкилоти ибтидоии «Ҷавонон» -и деҳаи Қаҳрамони Љамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар рафти суҳбат намояндагони ҳизбӣ оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, моҳияти аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни хусусияти террористӣ-экстремистидошта, вохӯрии Пешвои миллат бо кормандони соҳаҳои молия, андоз ва гумруки кишвар ба хотири ба вуҷуд омадани мафкураи зиддикоррупсионӣ дар аҳолӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ дар самти ошкор кардани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, саривақт супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон,  бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардида, ба як  оилаи ниёзманд    маводӣ хӯрока кӯмак расонида шуд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg