БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТ КАФИЛИ СОЛИМИИ АҲОЛӢ МЕБОШАД

 Н.ХУСРАВ.  Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Дар  ташкилоти  ибтидоии  “Бойторӣ”  хониши  сиёсӣ  таҳти  унвони  “Бо  маҳсулоти  хушсифат таъмин  кардани аҳолӣ  шарти  асосии  солимӣ мебошад”  баргузор  гардид.

Масъулин  доир  аз самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизб, амалигардонии  сиёсати  ватандӯстонаи  Роҳбари  давлат  ёдоварӣ карда,   қайд  намуданд, ки  ҳар  як  сокини  кишвар, бахусус  кормандони  соҳаи  байторӣ  дар вазифаи хизматиашон содиқонаву  софдилона  ва  бо  виҷдони  пок  бояд ба  халқу  Ватан  хизмат  кунанд.  Кормандони  соҳаро лозим аст,  дар  пешгирии  воридоти  молу  маҳсулоти  пастсифат ва  ғайристандартӣ, махсусан  хӯрока  масъулияти  бештар  зоҳир  намоянд.  Дар  нигоҳдории  маҳсулоти  гӯштиву  ширӣ  дар  сатҳи  зарурӣ масъулияти  баланд  эҳсос  намуда,  чораҷӯӣ  намоянд.

Дар  қисмати  амалии  аксияи  ҳизбии  “Якҷоя  ҳал  мекунем!”  кормандони  ташкилоти  ибтидоии  мазкур бинои  маъмурии  ташкилотро  таъмир  намуда,  гирду  атрофи  онро   тоза  карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg