БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНДОРӢ

АНДЕША. Боиси шукргузорӣ ва сафарозии мост, ки дар остонаи ҷашни 28 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.  Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию  давлатдории мустақил мебошад.  Истиқлолият  ин нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат,  рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани  кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

         Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил  орзўи озодиро мепарваранд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимої  ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллати худ ноил гардид. Заминаи меъёрӣ ва ҳуқуқии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳанўз 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул карда шуд. Дар фазои  байналмилалӣ бошад 9- сентябри  соли 1991 Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ  шинохта шуд.

         Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки «Истиқлолият ба мо  имконияти таърихие фароҳам овард, ки  Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба  роҳ монем».

         Имрўз мо дар назди миллату давлати худ муваззаф ҳастем, ки ин неъмати бебаҳои ба мо меросмондаро ҳамчун як гавҳараки чашм ҳифз ва  нигоҳ дорем. Ин аст шараф, номус, ифтихор ва рамзи пойдории мо- мардуми бонангу номуси диёр.

         Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари ҷўяндаи сулҳу амонӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар ҷаҳон хоҳони зиндаги созгору некўаҳволона аст. Аз таърих возеъ аст, ки миллати тоҷик бар сари халқи дигаре теғ накашидаву касеро аз ҳуқуқу озодиҳояш маҳрум насохтааст. Баръакс, дар хонаи худ бегонагонро ҷой додаст, онҳоро маърифату амал, илму одамгарӣ, шаҳрнишиниву одоби муошират омўхта, дар подоши он нокомӣ, маҳрумият, гурезагӣ, ноадолатӣ, беҳуқуқӣ таҳқиру азобҳо дидааст. Дар ин роҳи озодихоҳӣ, ҳимоят аз номус нанг ва пораи замини аҷдодӣ ҳазорон ҷавонмардони асили тоҷик қурбон гардидаву миллати тоҷик аз нобудӣ ба пирўзиҳо расида.

         Ҳар яки моро зарур аст, ки аз хурд то бузург дар ин ҷода бо тамоми ҳастӣ барои ояндаи миллату давлати худ бошарафона истодагарӣ карда тавонем.

         Ҳамин тавр, дўст доштани Ватан, омода будан ба ҳифзи марзу буми он қарзи имонӣ ва виҷдонии ҳар як ҷавонмард буда, барои кулли тоҷику тоҷикистонӣ андешаи  истиқлол- андешаи ҳақ ва ҳақпарварист.

 

Сангов Пирназар, узви Гурўҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg