БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБАҚАИ НИЁЗМАНД ДАСТНИРИ МЕЁБАД.

ҚУБОДИЁН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Дар доираи аксияи “Якҷоя њал мекунем!”  дар ташкилоти ибтидоии “Ситора”, муассисаи таҳсилоти томактабии №4-и Љамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров  хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Тарбияи фарзанд дар руҳияи ватандӯстӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ”  баргузор гардид.

  Масъулини ҳизб  дар рафти ҳамоиш оид ба тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандӯстию худгоҳии миллӣ, дар замири онҳо бедор намудани ҳисси садоқат ба Ватан, тарғиби урфу анъанаҳои миллӣ ва пешгирии бегонапарастӣ дар байни наврасон сухан гуфтанд.

 Дар  вохӯрӣ аз ҷониби ташкилоти ибтидоии мазкур ба як нафар тарбиягирандаи муассиса, ки аз оилаи ниёзманд  мебошад, сару либоси мактабӣ ва  туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg