ҚУБОДИЁН. Дар доираи “Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун неъмати пурарзиш барои миллати тоҷик дар ташкилоти ибтидоии Љамоати деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ баргузор карда шуд, ки дар он масъулини ҳизб атрофи дастовадардҳои соҳибистиқлолии кишвар ва нақши он дар таърихи давлату миллати тоҷик сухан гуфтанд.
Сипас, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилоти ибтидоии љамоати деҳоти мазкур дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба 1 нафар ятими кул, хонандаи муассисаи таълимии №11-и деҳаи Бошқалъа кӯмаки молиявӣ ба маблағи 400 сомонӣ расонида шуд.