БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

ЁВОН.  Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  ташкилоти ибтидоии «Якдилон» бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» мардуми деҳаи А. Навоӣ сарҷамъона ба ҳашари умумӣ баромада, гирду атрофи маҳали зисти худро ободу зебо намуданд.

Сипас, хониши сиёсӣ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ оид ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, риояи Ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суҳбатҳои муфид баргузор намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg