
(дар ҳошияи сафари ҷавонони ҳизб ба вилояти Иркутск)
Солҳои охир равобити хориҷии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳизбу ташкилотҳои хориҷӣ густариш меёбад. Далели равшани гуфтаҳо ин аст, ки чанде пеш бо мақсади омўзиши таҷрибаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар самти иштироки ҷавонон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷалби онҳо дар фаъолияти ҳизбию созандагӣ бо даъвати ташкилоти ҷамъиятии “Ассамблеяи халқҳои Россия” ҷавонони ҲХДТ дар ҳайати 5 нафар, аз ҷумла, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, муовини якуми раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Шаҳбози Искандар, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри душанбе Сафарзода Сайдалӣ Шамс, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Баҳромзода Ҳамрохон Ибод ва рўзноманигори нашрияи “Ҳамрози Халқ”-и КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Икромпур Зибинисо Бозор рўзҳои 19-26.08.2019 дар шаҳри Иркутси Федератсияи Россия ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии таълимии ҷавонон таҳти унвони “Нерўи Байкал” қарор доштанд. Дар чорабинии мазкур, инчунин намояндагон аз ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия, Арманистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон иштирок доштанд.
Мо-ҳайати ҷавонони ҲХДТ ҷиҳати парвоз дар хатсайри муайяншуда аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Навосибирски Федереатсияи Россия парвоз намудем. Бо истифода аз фурсат, аз маконҳои тамошобоби шаҳри Новосибирск дидан намуда, субҳи рўзи 19 август озими шаҳри Иркутск гардидем. Ҳайатро намояндагони ташкилоти ҷамъиятии “Ассамблеяи халқҳои Россия” ва роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Иркутск “Ҳамватан” Муриват Маликшоев пешвоз гирифтанд.
Худи ҳамон рўз бо зумрае аз тоҷикони муваффақи шаҳри Иркутск-соҳибкорони ватандўст сўҳбати самимӣ ороста, оид ба дастовардҳои 28-соли Истиқлолияти давлатӣ, ба кор андохтани агрегатҳои иншооти муҳими аср - НБО “Роғун”, саҳм гузоштан дар пешрафти деҳаю маҳал ва ҳамеша дўст доштани Тоҷикистон сухан намудем.
Сипас, ба макони муайяншудаи Форум, ки дар паҳлуи дарёи Ангара қарор дошт, раҳсипор шуда, бо иштирокдорони ин ҳамоиши байналмилалӣ ошноӣ пайдо намудем.
Нимаи дуюми рўз чорабинӣ ифтитоҳ гардид ва аз рўйи барнома, бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани дўстиву рафоқат ва муттаҳидии миллатҳо филми мустанади “321-ум дивизияи Сибир” дар бораи иттиҳоди миллатҳои 15 ҷумҳурии бародари собиқ Шўравӣ ва ғалаби онҳо бар зидди фашистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ намоиш дода шуд. Аз тамошои филм як ҷаҳон таассуроти нек ба даст оварадем. Воқеан, гузаштагони мо дар ин ҷанг қаҳрамонӣ нишон додаанд ва ин аст, ки мо имрўз дар фазои ободу озод зиндагӣ ва кор мекунему ин ғалаби бузургро ба ҳамаи миллатҳои дўсту бародар мансуб медонем.
Тибқи тартиби муайяншуда, намояндагони ҳар як давлати иштирокчӣ бояд кишвари худро муаррифӣ мекарданд. Шоми он рўз ҷавонони Россия анъана ва ҷашун маросими кишвари худро шинос карданд. Баъди муаррифӣ саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар он ҳайати ҷавонони ҲХДТ фаъолона иштирок намуданд.
Нимаи аввали рўзи 20-уми август дар толори таълимии Форум сессияи хурд оид ба ташкили самтҳои афзалиятнок барои эҷоди лоиҳаҳо гузаронида шуд. Дар он самти ҳамоҳангӣ бо тамоюлҳои ҷаҳонӣ, ташаккули биниш ва тарзи муаррифии самтҳои афзалиятноки лоиҳаҳо аз ҷониби мутахассион ба иштирокчёни форум омўзонида шуд. Аз натиҷаи баргузории ин ҳамоиш бисёр чизҳои хубро омўхтем ва метавон гуфт, ки татбиқи чунин чорабиниҳо дар Тоҷикистон зарурӣ ҳисобида мешавад. Давоми рўз ҳайати ҷавонони ҲХДТ дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Иркутск, ки дар варзишгоҳи “Байкал Арена” баргузор гардид, иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар ин чорабинии варзишии сатҳи баланд роҳбари гурўҳ Илҳомҷон Ҳамидиён баромад намуда, ба ташкилкунандагони он изҳори сипос ва аз номи ҳайат ба раиси вилояти Иркутск тўҳфаҳои хотиравӣ супорид. Дар ин чорабинӣ дастаи дзюдочиёни Тоҷикистон низ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Мавриди зикр аст, ки Президенти федератсияи дзюдои вилояти Иркутск яке аз ҳамватанони муваффақи мо Эргаш Маҳмадбеков мебошад, ки барои рушди соҳа ва тарбияи насли наврас дар руҳияи инсондўстию омодасозии қаҳрамонҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар самти дзюдо талош меварзад.
Ҳамчунин, дар мавзуи "Хусусияти миллӣ – миф ё воқеият" мубоҳиса сурат гирифт, ки дар ҷараёни он хусусиятҳои миллии миллатҳо, аз ҷумла тоҷикон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки миллати тоҷик аз азал давлатдор, меҳмоннавоз ва ифтихорманд буду ҳаст. Баррасии чунин мавзуҳо барои шинохти хусусиятҳои хоси миллатҳо кўмаки амалӣ мерасонад.
Шоми рўз намояндагони Ҷумҳурии Арманистон кишвари худро муаррифӣ намуданд. Дар ҷараёни муаррифӣ оид ба вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ин кишвар маълумот дода шуд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар вилояти Иркутск зиёда аз 100 халқу миллатҳо зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла шумораи зиёди тоҷикон низ дар ин минтақа зиндагиро ихтиёр кардаанд. Ба хотири сарҷамъ ва муттаҳид зиндагӣ кардани халқияту миллатҳои гуногун дар ҳудуди минтақа роҳбарияти вилоят сиёсати фарҳангии худро бо эҳтиром ба фарҳангу оини ин халқияту миллатҳо ва бо робитаи пайваста доштан бо ҷамъияту намояндагиҳои онҳо амалӣ менамояд. Аз ҷумла, дар баргузории иду ҷашнҳои миллию давлатии онҳо кўмак мекунад. Бо ин мақсад бо иштироки намояндагони ҷамъиятҳои як қатор халқияту миллатҳо дар мавзўи “Вазъи конфессия дар вилояти Иркутск ва хусусиятҳои хоси онҳо” мубоҳиса сурат гирифт. Намояндагони ҷамъияти куриёҳо, литвониҳо, тоторҳо ва бошқирҳо дар бораи фарҳанг ва хусусиятҳои хоси худ баромад намуданд. Дар ҷараёни кори Форум дар мавзўи “Усули истифодаи таҷрибаҳо ва лоиҳаҳои пешқадам, ки тавонад ҷавонони болаёқати миллатҳои мухталифи қитъаи Евразияро муттаҳид кунад” тренинги омўзишӣ гузаронида шуд.
Чорабинии дигари хотирмон иштироки роҳбари минтақавии ташкилоти ҷамъиятии умумирусиягии “Молодая Гвардия” - қаноти ҷавонони ҳизби “Единая Россия” Артём Синдижапов бо мавзўи тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти ҷавонон ва омўзиши таҷрибаи пешқадам миёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва ТҶ “Молодая Гвардия” дар самти нақши ҷавонон дар шаклгирии сиёсати давлатӣ ва мавқеи онҳо дар дўстиву рафоқат миёни халқу миллатҳо маҳсуб меёбад. А.Синдижапов дар назди иштирокдорон баромад намуда, оид ба татбиқи сиёсати ҷавонон ва нақши ҳизб дар ин самт суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, аз таҷрибаи худ ёдовар шуда, дар самти кўмаки ташкилоти ҷамъиятии “Молодоя гвардия” ба осебдидагони офати табиӣ дар вилояти Иркутс сухан рафт. Дар идомаи ҳамоиш мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, муовини якуми раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода дар назди ҳозирин баромад намуда, аз фаъолияти созмон сухан гуфта, ҷиҳати густариш ва тақвият бахшидани робитаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо “Молодая гвардия” андешаронӣ сурат гирифт. Ҳамчунин, ба Артём Синдижапов аз номи ҳайати ҲХДТ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Сипас, гулдухтарони ҷумҳурии Қирғизистон бо рақсу сурудҳои миллӣ кишвари худро муаррифӣ намуда, аз расму оинҳо ба иштирокдорон нақл намуданд.
Ҳайати ҷавонони ҲХДТ рўзи 22-юми август ба тамошои шаҳри Иркутск баромада, аз ҷойҳои таърихӣ ва тамошобоби шаҳр дидан намуданд. Инчунин, ҳайат дар чорабинии бошукўҳ ба ифтихори 350-солагии Парчами давлатии Федератсияи Россия иштирок намуда, аз барномаи фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои милливу таърихии бо санъати пурғановати мардуми рус омодашуда дидан намуда, ба ҳунару маҳорати ҳунармандони чирадаст баҳои баланд доданд.
Лаҳзаи хотирмону фараҳбахше сурат гирифт. Дар ин рўз таваҷҷуҳи хориҷиён ба либоси миллии занонаи мо, ки бонуи гурўҳ Икромпур Зибинисо Бозор адрас ба бар доштанд, бештар ба назар мерасид. Чанде аз занону бонувон ва насли калонсол тоҷикистонӣ будани моро эҳсос карда, бо суолҳои «Вы таджичка?», «С Таджикистана приехали?» гўён ба наздамон меомаданду аз таърих ва моҳияти либоси адрас пурсон мешуданд. Пас аз шиносоӣ онҳо аз пешрафту тараққиёти кишвар, зебогиву шукуфтанҳои шаҳри Душанбе, ҷойҳои таърихиву маконҳои сайёҳии Ватани азизамон, ки тавассути телевизион тамошо кардаанд, пурсон шуда, мегуфтанд, ки Шумо-тоҷикон бисёр хушбахтед, ки дар чунин Ватани биҳиштосо кору зиндагӣ доред. Албатта, пас аз шунидани чунин суханон аз фарзанди Тоҷикистон буданамон ифтихор карда, меҳрамон ба Ватани маҳбубамон бештару бештар гардид ва дар ин самт аз хизматҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ёдовар шуд.
Нимаи дуюми рўз ҳайати ҷавонони ҲХДТ бо муовини раиси Шўрои қонунгузории вилояти Иркутски Федератсияи Россия, вакил Дикусарова Наталя Игоревна дар қароргоҳи шуъбаи минтақавии ҳизби умумироссиягии "Единая Россия" мулоқот намуданд. Зимни вохўрӣ масъалаҳои табодули ҳамкориҳои ҳизбӣ, фаъолмандии ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа, амалисозии лоиҳаҳои муштараки ҳизбӣ, ҷалб ва иштироки шаҳрвандон дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти рушд бахшидани инфрасохтори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, баргузории форум ва ҳамоишҳои байналмилалӣ ва дигар масоили мавриди назар баррасӣ гардид. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки дар натиҷаи офати табиӣ дар минтақаи Тулун вилояти Иркутск хисороти зиёди молию ҷонӣ дид ва кўмаки аҳолӣ барои рафъи саривақтии масъала эҳсос мешуд. Дар ин росто, дастгирии беғаразонаи тоҷикони муқими вилояти Иркутск басо калон ва муҳим арзёбӣ гардида, аз номи Шўрои қонунгузории вилояти Иркутски Федератсияи Россия барои ин дастгирӣ ба халқи кишвар ва тоҷикони вилоят, ки ин мусибатро барои худ бегона надонистанд, самимона изҳори сипос карда шуд.
Дар вохўрӣ ҳайати ҷавонони ҲХДТ Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода, Шаҳбози Искандар, Сафарзода Сайдалӣ Шамс, Баҳромзода Ҳамрохон Ибод ва Икромпур Зибинисо Бозор иштирок доштанд. Аз ҷониби дигар Дикусарова Наталя Игоревна – муовини раиси Шўрои қонунгузории вилояти Иркутски Федератсияи Россия, Уватова Олга Викторовна – роҳбари Кумитаи иҷроияи ҳизби умумироссиягии "Единая Россия" дар вилояти Иркутск, Артём Синдижапов – роҳбари қаноати ҷавонони "Молодая Гвардияи "Единая Россия" дар вилояти Иркутск, Алексей Гордин – раиси Шўрои минтақавии Ассамблеяи халқҳои Россия ва Муривват Маликшоев – роҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутск "Ҳамватан"' иштирок намуданд. Мулоқот дар фазои хотирмон сурат гирифта, ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя карданд.
Дар доираи Форуми байналмилалии таълимии ҷавонон таҳти унвони "Нерўи Байкал" ҳайтаи ҷавонони ҲХДТ Ватани маҳбубамон-Тоҷикистонро бо оростани дастархони тоҷикӣ, тақдими оши палав, хушкмеваҳо ва шириниҳои Тоҷикистон муаррифӣ намудем. Барои иштирокдорон аз ҳама ҷолиб тарзи баргузории тўйи домодию арусӣ, баргузории идҳои миллӣ ва таърихи пурғановати мавзеъҳои таърихиву сайёҳии Тоҷикистон бисёр ҷолиб буд. Гуфта шуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба ин раванд нерўи тоза бахшид. Баъд аз муаррифии Тоҷикистон таҳти унвони “Дўстиро ҷустуҷў дорем мо...” чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд. Иштирокдорони чорабинӣ таҳти навои сурудҳои тоҷикӣ рақсу бозӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин Форум 5 нафар донишҷуёни тоҷики муқими шаҳри Иркутск-таҳсилкунандагони Донишгоҳи политехникӣ низ иштирок намуданд ва рақси миллии мардонаи тоҷикиро намоиш доданд.
Дар доираи барномаи сафари корӣ ҳайати ҷавонони ҳизб аз макони қадимаю таърихии вилояти Иркутск - осорхонаи “Талси”, ки дар яке аз рустоҳои шаҳри қадима аз асри XVII боқӣ мондааст, дидан намуданд. Ҳайати гурўҳро намояндагони Ассамблеяи халқҳои Россия А.Гордин ва С.Запевалин роҳнамоӣ карданд. Дар идома, ба тамошои мавзеи сайёҳии Листвянка рафта, аз муъҷизаҳои табиати дилфиреби кўли беканор ва мусаффои “Байкал” аз наздик дидан кардем.
Ҳайтаи ҲХДТ дар тарабхонаи “Умари Хайём”, ки моликаш яке аз тоҷикони муваффақи ин шаҳр мебошад, бо тоҷикони шаҳри Иркутск ва намояндагони ҷамъияти тоҷикони “Ҳамватан” мулоқот анҷом доданд.
Барои иштироки фаъолона дар кори Форуми таълимии байналмилалии “Нерўи Байкал” ба ҳайати ҷавонони ҳизб аз номи Ассамблеяи халқҳои Россия ва ҷамъияти тоҷикони “Ҳамватан” Сипоснома тақдим гардид.
Бо ҳамин, сафари ҳайати гурўҳ анҷом ёфта, аз вилояти Иркутски Федератсияи Россия бо таассуроти неку хотирмон ба Ватан баргаштем.