БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ БУРДАНИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТИ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТЕРМИЗМ

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии «Родмардон» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чорабинии фаҳмондадиҳии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд ки: -Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ, дар қатори кишварҳои дигари ҷаҳон ва минтақа таҳдиду хатарҳои муосирро, ба монанди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ ба амнияти миллӣ эҳсос менамояд ва бо мақсади муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб дар ҳамгироӣ бо созмонҳои бонуфузи амниятии байналмилалӣ ва минтақавӣ чораҷӯӣ мекунад.

Яке аз роҳҳои муқовимат ба ин зуҳурот такмил додани асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, дар ин самт бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва нақшаи амалишавии он қабул гардида буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg