БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚДИМИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Вохӯрии навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии «Заминсозӣ»-и назди Кумитаи заминсозии ноҳияи Панҷ доир гардид.

Сўҳбатро Файзизода Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оғоз намуда, нахуст, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб суханронӣ намуд. Аз ҷумла оид  ҳадафҳои стартегии кишвар: Истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ва бо ин мақсад гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ андешаронӣ намуд.

 Дар қисмати охир, оид ба амалӣ намудани Аксияи тарғиботии «Якҷоя ҳал мекунем!» раиси ташкилоти ибтидоӣ Шарипов Сайнурддин иброз дошт, ки ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии «Заминсозӣ» дар ҳалли проблемаи мактаб саҳмгузор шуда, ба муассисаи таълимии №21-и ҷамоати шаҳраки Панҷ бо дастрас намудани китобҳои дарсӣ  кўмак намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg