БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ СИЁСАТИ ОБОДКОРОНАИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ СИПОСГУЗОРАНД

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ободкор” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуд.

Аксияи ҳизбӣ бо роҳнамоӣ ва ҷалби Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони он  дастгирии ҳамаҷониба ёфта, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №5-шаҳр 3 адад тирезаи платсикӣ харидорӣ ва тақдим карда шуд.

Сипас, дар қисмати сиёсии вохӯрӣ бошад аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷрояи хизб оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  андеҳшаронӣ карда шуд. Қайд гардид, ки  инсон дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти олам маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунанд. Аз ҳамин хотир ҳамаи моро зарур аст барои ободии ҳар гӯшаи Ватан дар  корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор бошем.

Дар охир ҳамагон аз иқодому ҳадафҳои созандаву ватандӯстонаи ҲХДТ ва сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат  сипосгузор буда, миннатдории хешро ба Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg