БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ МО СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРИСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони  ташкилоти ибтидоии деҳаи «Тоҷикобод» дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” беш аз 1 км  роҳи  деҳа тахту ҳамвор карда шуд.

Дар ин рўз аз ҷониби роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ҳизб суҳбати гарму самимӣ доир карда шуда, вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021, аҳамияти роҳандозӣ шудани он дар рушду нумуи деҳот, истиқболи шоиста аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва саҳм гузоштани ҳар сокини кишвар дар ободонии деҳот сухан гуфта шуд.

Инчунин, дар идома қайд гардид, ки дар доираи чорабиниҳои зикргардида аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Сайфулло Шакаров дар деҳа 1 адад бунгоҳи тиббӣ, дорухона, ҳуҷраи хатна ва маркази хизматрасонӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки албатта барои беҳтар сохтани шароити зисту зиндагии истиқоматкунандагон  нақши муҳим хоҳад гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg