БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЁЗМАНДОН АЗ ҒАМХОРИҲО ПАЙВАСТА БАРХӮРДОРАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Баракати замин” (х.д. Дӯстӣ) дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ташаббусҳои неки Пешвои миллат дар самти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои саҳм гузоштан дар пешрафти Ватан раҳнамоӣ намуданд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ ба се нафар ниёзмандон аз деҳаи Малик Гиёеви Ҷамоати деҳоти Ориён Забирова Азизмоҳ, Сатторова Қурбонгул ва Абророва Маълумбӣ маводҳои хӯрока кӯмак расонида шуд, ки аз ин иқдоми ҳизбиён сокинон руҳбаланд гардида, миннтадории хешро ба ҲХДТ баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg