ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоии деҳаи “Камароб”-и ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров бинои муассисаи таҳсилоти миёни умумии № 11-и деҳа таъмири капиталӣ гузаронида шуда, хонандагони ин боргоҳи илму маърифат соли нави таҳсилро дар шароити хубу замонавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Дар қисмати сиёсии чорабинӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамагон ба корҳои созандагӣ даъват гардиданд.