БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН САР МЕШАВАД АЗ ГАҲВОРА…

ЁВОН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи  ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ободу зебо намудани деҳаи худ, саҳм гузоштан дар пешрафти Тоҷикистони азиз дар ташкилоти ибтидоии “Нурафшон”-и деҳаи Рӯдакии Ҷамоати деҳоти “Ситораи Сурх” масъулини ҲХДТ бо сокинон вохӯрӣ лоир намуданд.

Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷрояии ноҳиявии ҲХДТ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот,сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ба роҳи дуруст тарбия намудани фарзандон, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирии бемории батулизм, ки ба ҷомеаи имрӯза  муҳим мебошад,  андешаронӣ карда шуд.

Инчунин, дар ин ҳамоиш кормандони соҳаи тандурустӣ  иштирок дошта, вобаста  ба сиҳатии омма ҳарф зада, сокинонро ба ҳифзи солимӣ ба хотири  рушди ҷомеа  раҳнамоӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg