Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҲХДТ – МАҚСАДУ МАРОМАШ ХИЗМАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН АСТ!

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Анорбоғ»-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ  доир гардид.

Дар суҳбат аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Одиназода Ҳуснигул санадҳои муҳими сиёсӣ, мубориза ба муқобили коррупсия, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, сафарбар намудани онҳо ба хизмати Ватан-Модар,  ҳифзи марзу буми Ватани ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ суханронӣ карда шуд, ки аз ин мулоқот ҳамагон ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.  

Инчунин,  дар рафти ҳамоиш  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардида, бо дастгирии фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва падару модарон дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳа як адад ҳоҷатхонаи замонавӣ ва посбонхона сохта ба истифода дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg