БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАҲНАМОИИ СОКИНОН БА КОРҲОИ ВАТАНДӮСТОНА

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "КВДХМК" оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши  сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ масъулин атрофи масоили марбут ба масъалагузориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳофизати роҳҳо аз ҳаргуна садамаҳои нақлиётӣ, хизматрасонии баланди коммуналӣ ба мардум, иштироки дастаҷамъона дар корҳои созандагиву ободкорӣ ва зебогардонӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бурдани корҳои тарғиботӣ ва иттилоотӣ миёни аҳолӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” суханронӣ намуданд.

Дар охир иштирокдорон аз вохӯрии судман ба худ таассуроти нек бардошта, чанде аз онҳо  пешниҳод карданд, ки чунин суҳбату  мулоқотҳои пайваста  роҳандозӣ карда шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg