БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР БОЛО БУРДАНИ САТҲИ МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА ҲИЗБИЁН САҲМ МЕГУЗОРАНД

ДАНҒАРА.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Терроризму экстеремизм яке зуҳуроти хавноки ҷомеъа буда, ба тинҷиву оромии ҷомеаи ҷаҳон, Истиқлолияти давлатии кишварҳо ва ба фарҳангу тамаддуни кишварҳо таҳдиди ҷиддӣ мекунад. Ҷиҳати ба дарки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ расонидани моҳияи ин мавзуъ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Данғара” хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар назди ҳозирин Каримзода Пирмуҳаммад - раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Данғара баромад намуда, дар замони ҳозира, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Аз ин лиҳоз ҷиҳати солим нигоҳ доштани маънвиёти ҷомеа ва тинҷиву оромиии кишвар месазад ҳама шаҳрвандон дар баробари ин зуҳуроти хавнок муборизаи беамон бибарем.

Дар идомаи суҳбат мавсуф оиди саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонию созандагӣ ибрози андеша намуда, ҳамагонро барои истиқболи сазовори санаҳои муҳими таърихӣ раҳнамоӣ кард.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg