Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҲАДАФ ПЕШГИРИИ СОКИНОН АЗ НАШЪАМАНДИЮ НАШЪАҶАЛЛОБӢ

ВАХШ. Дар доираи баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бемориҳои сирояткунанда, яке аз бемориҳои хавноки ҷомеа буда, таҳдиди ҷиддӣ ба генафонди миллат мекунад. Бо мақсади пешгирии панҳшавии бемориҳои сирояткунанда ва пешгириии нашъамандию нашъаҷалобӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Фидокор-1»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод оиди мавзуҳои болозикр хониши сиёсӣ доир намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Одилҷон Маҳмадов дар назди ҳозирин вобаста ба мавзӯҳои болозикр баромад намуда, ёдовар шуд, ки солимии ҳар шахс дар дасти худаш аст. Ин аз он вобастааст, ки шахс то чӣ андоза тарзи ҳаёти солимро пеша ва риоя мекунад. Бо ин мақсад месазад, ки худ ва фарзандони худро аз паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, ба монанди ВИЧ/СПИД, Гепотитҳо, бемориҳои венерикӣ ва ғайраҳо дар амон нигоҳ дорем.  Ҳамзамон номбурд, оиди хатарҳои терроризму экстремизм, пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд.    

Боиси қайд аст, ки бо баргузории чунин хонишҳои сиёсӣ  ба болоравии сатҳи донишҳои сиёсӣ ва маънавии ҷомеа мусоидат менамояд. Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, ки ҳамдарди ҷомеъа мебошад, дар боло рафтани сатҳии огаҳии мардум тамоми чораҳоро меандешад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg