Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “ҶДММ «Мавлоно»” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки таърих гувоҳи ҳар ҳодисаву рӯйдодҳои гуногун дар курраи олам аст ва намегузорад, ки касе онҳоро инкор кунад.
Боиси фахри тамоми мардуми бошараф, бохирад, бофарҳангу ботамаддуни тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем. Бори дигар гуфтан лозим аст, ки поягузори ин ҳама оромиву осоиш, амният ва мулки ободу зебо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.