ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Ин навбат бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Тағоймурод Ҳасанзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун Аҳёев Саламшо ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибдитоии ҳизбии «Нурафзо» хониши сиёси баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Т.Ҳасанзода ба сухан баромада қайд намуд, ки тавре ба ҳамаи мо маълум аст, санаи 16 ноябри 2018 сол дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархаи аввали Нерeгоҳи барқии обии «Роғун» ба истифода дода шуд. Воқеан ҳам ҳар яки мо шаҳрванди ватандӯстро зарур аст, ки пеш аз ҳама ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем.
Дар охири чорабинии мазкур дар доираи амалии Аксияи ҳизбӣ ташкилоти ибтидоии «Нурафзо» дар арафаи соли хониши 2019-2020 ба 2 нафар кудакони аз оилаҳои эҳтиёҷманд сару либоси мактаби кумак расониданд.