БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ НИШОНИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ, РАМЗИ АСОЛАТУ ҲУВВИЯТ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Қумсангир чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Тағоймурод Ҳасанзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун, Узви Кумитаи иҷроия Латифзода Хушрафтор ва намояндаи прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун Қурбонзода Саъдулло иштирок доштанд.

Дар чорабини Тағоймурод Ҳасанзода зимни баромади хеш иброз дошт, ки воқеан Истиқлолият ин нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, шарафу эътибор ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад ва инчунин рамзи олии Ватану ватандорӣ мебошад.

Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун, Узви Кумитаи иҷроия Латифзода Хушрафтор ба сухан баромада қайд намуд, ки имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Зиёда аз 100 кишвари дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлолияти давлатӣ ва афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg