БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАВАҶҶУҲИ МАХСУСИ ҲИЗБИЁН ДАР ПЕШРАФТИ СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббусу дастгириҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и  деҳаи Зиракӣ ба маблағи 4240 сомонӣ барои таъмири ҷории деворҳои берунии бинои муассисаи таҳсилкардааш рангҳои ородиҳӣ харидорӣ кардаву тақдим карда шуд. Таъмири капиталии муассисаи мазкур оғоз ёфта, дар рӯзҳои  наздиктарин дар оғози соли нави хониш муассисаи таълимӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Ҳайати омӯзгорону падару модарон аз иқдоми пешгирифтаи хатмкардаи ин даргоҳи илму ирфон  Маҳмадаюб Шарифзода сарфароз буда, миннатдории хешро  ба фаъолони ҲХДТ  ба|н намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg