
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Имрӯз тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримзода Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар назди ҳозирин баромад намуда, оид ба нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти мамлака, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ва шуғли аҳолӣ”, пешгирии роҳҳои бекоршавӣ, таъсиси ҷойҳои кории холӣ, ба шуғл фаро гирифтани занону духтарони хонашин, кушодани курсҳои кӯтоҳмуддат, таъсиси ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуд.