БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОНРО БА САРФАВУ САРРИШТАКОРОНА ИСТИФОДА БУРДАН АЗ НЕРӮИ БАРҚ ТАРҒИБ МЕЕКУНЕМ!

ДАНҒАРА.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади огоҳмандӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии "Шабакаҳои барқи ноҳияи Данғара" дар ноҳия хониши  сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Каримзода Пирмуҳаммад баргузор гардид.

Зимни ҳамоиш мавсуф дар доираи мавзӯҳои вобаста ба амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз он ҷумла баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ, сари вақт пардохт кардани маблағи истифодаи қувваи барқ, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз мушкилоти асосии соҳа дониста мешавад, иҷрои талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ, дастаҷамъона саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву ободкорӣ, бо мақсади истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ибрози андеша карда, аз ҳамагон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки баҳри боло рафтани маънавиёти ҷомеа ва ободии кишвар аст даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg