
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деӽаи Зафарободи ҷамоати деӽоти Гулистон бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар муассисаи таӽсилоти миёнаи умумии №41 хониши сиёсӣ оид ба самтӽои афзалиятноки фаъолияти ӼХДТ баргузор гардид.
Дар вохӯри Манучеӽри Хуршед дар бораи ташаккули фарӽанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаӽои интернетӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарӽои марбут ба истифодаи нодурусти онӽо суханронӣ намуда, қайд кард, ки яке аз хатарӽои асосии шабакаӽои иҷтимоӣ ин ташвиқ ва таблиғи фарӽанг ва расму оини бегона мебошад. Дар ин замина тавасути шабакаӽои иҷтимоӣ маводу наворӽои зиёд пахш мегардад, ки метавонад ба тарзи муошират, муносибат, зоӽири инсон ва арзишӽои он таъсир гузорад ва ё дигаронро вобаста ба ин амалашон таӽқир намоянд.
Мавсуф ёдовар шуд, ки Шумо омӯзгорон, ки дар тарбияи насли наврас масъулияти бузургро бар душ доред, насли ҷавони кишварро дар ин самт огоҳ намоед ва нагузоред, ки фазои интернетӣ ба ташаккули ахлоқии ҷавонон таъсири манфӣ гузорад.