БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ҲАМЧУН РУКНИ ОЗОДӢ ВА ҶАВҲАРИ АСОСИИ ЗИНДАГИИ ИНСОН АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Ҷамоати деҳоти Фрунзе”-и ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор намуданд. Дар рафти чорабинии ҳизбӣ масъулин қайд карданд, ки Истиқлолият, ҳақиқатан неъмати бебаҳои таърих аст. Дар охири асри бист миллати куҳанбунёди тоҷик Истиқлолияти давлатиро ба даст овард.      Истиқлолият бузургтарин ва муқаддастарин муваффақияти давлату давлатдории халқи тоҷик дар охири асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ дар аввали асри бистум арзи ҳастӣ намуда, бо вуҷуди баъзе беадолатиҳоӣ марзӣ, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта ташкил ва ташаккул ёфт, давраҳои гуногунро аз сар гузаронда, сабзид ва ба камол расид. Месазад, ки ин дастоварди муқаддасро ҳар як сокини мамлакат чун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва барои ободиву пешрафти Ватан талош варзад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg