БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИРО БО ДАСТОВАРДҲОИ САЗОВОР БОЯД ҶАШН ГИРИФТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶДММ “Баҳор” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар суҳбат кормандони кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия иштирок карда, кайд намуданд, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати сартосарӣ имрўз Тоҷикистон дар асоси принсипҳои ҷомеаи демократӣ, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ворид гардидааст.

Мебояд, ки ба қадри талошҳои ҷонфидокоронаи Пешвои миллат бирасем ва ҷавобан ба ин ғамхориҳои беназир садоқатмандона ба халқу Ватани хеш хизмат намоем, диёрамонро боз ҳам ободу зебо гардонем ва ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg