БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ТАҒИБГАРИ АФКОРИ СОЛИМ ДАР ҶОМЕА

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Анҷиркон»-и Ҷамоати деҳоти Панҷрўд хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.

Зимни баромад Гадоӣ Сайдалиев оид  ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  суҳбат намуда, қайд кард, ки тараққиёти илму техника ва технология  тақозо мекунад, ки баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон мунтаззам баланд бардошта шавад.

 Агар омӯзгор сатҳи баланди касбӣ надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва ба ягон восита сифати таълиму тарбияро  баланд бардошта наметавонем.  Агар мо хоҳем, ки ба ҷомеаи  пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба масъалаи маориф эътибори ҷиддӣ диҳем.

Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо роҳнамоии ташкилоти ибтидоии мазкур омӯзгорони муассисаи таълимии №3 даромадгоҳи мактабро аз нав таъмир намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg