ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Давад” (С.Раҳимов) вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар – ҳадафи чоруми миллӣ, дар бораи китоби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Уфуқҳои истиқлол”, ки дар нашрияи “Ҷумҳурият” бознашр шуда буд ибрози сухан намуд.
Дар охир вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” муассисаи таълимии деҳа бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин карда шуд.