ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти “Кангурт” вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид .
Дар мулоқот нахуст суханро Раҷабзода Маҳмадсаид оғоз намуда, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз - ба истифода додани агрегати дуюми НБО-и Роғун андешаронӣ намуд.
Зимнан, дар бораи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва нисбати “Тоҷикистону Ӯзбекистон – ҳамкориҳои илмӣ вусъат меёбанд” ибрози сухан кард.