Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи Арабхонаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия ноҳиявӣ доир карда шуда, дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари баргузории суҳбату вохӯрӣ ҳамчун қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ сокинони деҳа роҳи калони деҳаро тахту ҳамвор ва дар ду тарафи кӯча барои рафту омади одамон роҳчаҳо сохта бо қуму сафолак рӯпуш карданд.