МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод ва бо саҳми фаъолони ташкилоти ибтидоии «Муассисаи иҷтимоӣ дар хона» ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ташкилоти мазкур корҳои ободониву созандагӣ рафта истодааст.
Дар ин радиф кормандони ташкилоти мазкур худро дар канор нагирифта, ба тозаю озода намудани маҳали зист, тахту ҳамвор ва сангфарш кардани роҳҳо ва сохтани дигар иншоотҳои хизматрасонӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Дар доираи иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» кормандони ин ташкилот ба як қатор корҳои бунёдкориву созандагӣ машғул гардиданд.