ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи ба номи «Табақчӣ»-и ҷамоати деҳоти Ваҳдат доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.
Масъулин зимни баромад оид ба дастовардҳои 28-соли Истиқлолияти давлатӣ, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, дуруст ба роҳ мондани амалҳои хайру сахо ва ташкилу баргузории корҳои дастаҷамъона ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии деҳот суханронӣ намуданд, ки иштирокдорон ба худ таассуроти нек бардошта, барои ташкилу баргузории чунин як вохӯрии пурмуҳтаво ба масъулини ҳизбӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо саҳми аҳолӣ барои татбиқи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», сокинони деҳаи мазкур роҳҳои деҳаро тахту ҳамвор ва равшаннамоии кўчаҳоро таъмин намуданд.