ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади огоҳмандӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии МДНРА "Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард" дар ноҳия хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Каримзода Пирмуҳаммад дар доираи мавзӯҳои вобаста ба амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз он ҷумла баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгард ва нигоҳдории сатҳи коршоямии онҳо, ки имрӯз яке аз мушкилоти асосии соҳа дониста мешавад андешаронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои ободониву созандагӣ раҳнамоӣ намуд.