ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҶСШК “Обёрии Данғара” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Каримзода Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ иштирок намуда, оид ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, солҳои 2019-2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия ибрози андеша намуд.